Рӯзи 2 майи соли равон аз ҷониби ширкати миллии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» анҷом додани парвози нахустини ҳавопаймо тариқи хатсайри мустақими «Душанбе - Пекин - Душанбе» дар назар аст.
Тавре аз хадамоти матбуоти ҶСК «Тоҷик Эйр» хабар доданд, ин масъала зимни мулоқоти роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» бо намояндагони Бюрои сайёҳии ноҳияи худмухтори Синтсзян ва корпоратсияи «JIRUIXIANG»-и Ҷумҳурии мардумии Чин дар Душанбе баррасӣ шудааст.
Бино ба иттилои манбаъ, парвозҳо тавассути ҳавопаймои бароҳати «Боинг 757» ҳафтае як маротиба рӯзҳои душанбе сурат гирифта, давомнокии парвоз аз Душанбе ба самти Пекин 5 соату 30 дақиқаро такшил медиҳад.
«Ифтитоҳи хатсайри мазкур натанҳо ба кам шудани вақти парвоз, балки ба сарфаи воситаҳои пулӣ низ имкон медиҳад, ки қаблан шаҳрвандони ҳарду кишвар барои то ба пойтахти давлатҳо расидан тариқи Урумчӣ харҷ мекарданд. Ғайр аз ин, хатсайр барои ба сатҳи нав баровардани муносибатҳои Тоҷикистон Чин мусоидат мекунад. Барои шаҳрвандони ҳарду кишвар маҷмӯи имконоти зиёд ҳам барои истироҳату ҳам барои тиҷорат муҳайё хоҳад шуд», - гуфтанд дар «Тоҷик Эйр».
Қобили зикр аст, ки ширкати «Тоҷик Эйр» айни замон мунтазам ба кишварҳое хориҷие чун Ҳиндустон (Деҳлӣ), Чин (Урумчи), Эрон (Теҳрон), Қазоқистон (Алмаато), Қирғизистон (Бишкек) ва шаҳрҳои Русия (Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Сургут ва Новосибирск) парвозҳо анҷом медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста