Афзоиши ҳаҷми содироти нахи пахта ба хориҷи кишвар, ки баъди алюминий маҳсулоти дуюми содиротии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, идома дорад.
Тавре аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, семоҳаи аввали соли равон аз Тоҷикистон 31,6 ҳазор тонна нахи пахта ба хориҷи кишвар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта (29,3 ҳазор тонна) 7,8% зиёдтар аст.
Аз ҳисоби фурӯши нахи пахта дар ин давра ширкатҳои Тоҷикистон ба маблағи 39 млн. доллари ИМА маблағ ба даст овардаанд, ки нисбат ба давраи моҳҳои январ-марти соли 2015 ба миқдои 1,2 млн. доллари ИМА бештар мебошад.
Харидори асосии нахи пахтаи Тоҷикистон давлати Туркия буда, он ҳамчунин ба Эрон, Русия ва даҳҳо дигар кишварҳои ҷаҳон интиқол меёбад.
Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми умумии содироти нахи пахта аз Тоҷикистон ҳудуди 108 ҳазор тоннаро ташкил дода буд, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи қариб 25% зиёдтар буд.
Соли гузашта ширкатҳои Тоҷикистон аз фурӯши нахи пахта, ки шуморашон дар маҷмӯъ 80 ададро ташкил медод, беш аз 144 млн. доллари ИМа маблағ ба даст оварданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста