То охири соли равон тариқи музоядаҳо фурӯхтани бастаи саҳмияҳои беш аз 20 ҷамъиятиҳои саҳҳомӣ, ки ба давлат тааллуқ дорад, дар назар аст.
Аз Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар доираи Барномаи хусусигардонии моликияти давлатӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2014-2016, хусусигардонии бастаи саҳмияҳои 31 ҷамъияти саҳҳомӣ тариқи музояда тарҳрезӣ гардида, то 1 апрели соли равон бо ин тарз 10 ҷамъияти саҳҳомӣ хусусӣ гардонида шудааст.
Зимнан таъкид шуд, ки дар ин Барнома тариқи тендерҳо хусусигардонии бастаи саҳмияҳои боз 25 ҷамъияти мутааллиқ ба давлат пешбинӣ шудааст.Ҳамчунин то охири сол фурӯши бастаи саҳмияҳои 3 ҷамъияти саҳҳомӣ дар чаҳорчӯби хусусигардонии инфиродӣ низ ба нақша гирифта шудааст.
Миёни корхонаҳои давлатӣ, ки бояд то охири сол хусусӣ гардонида шаванд, дар Кумита баъхусус фурӯши саҳмияҳои ҶСП «Осоишгоҳи Шоҳамбарӣ»-ро қайд карданд. Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумат аз 1 марти соли ҷорӣ оид ба хусусигардонии яке аз бузургтарин осоишгоҳҳои кишвар тендер эълон шуд.
Дар ҳамин ҳол, ба иттилои манбаъ, бо қарори ҳукумат аз Барномаи хусусигардонии амволи давлатӣ корхонаи истеҳсоли тиллои «Тиллои тоҷик» хориҷ карда шудааст.
Ҳамчунин қайд шуд, ки аз оғози амалисозии Барнома бо қарорҳои дахлдори Кумита 46 корхонахои давлатӣ бо ҳиссаи 100 фоизаи давлат ба ҷамъиятҳои саҳҳомӣ табдил дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки моҳи ноябри соли гузашта оид ба фурӯши пойгоҳи лижаронӣ ва маҷмааи фароғатии «Сафедорак» тендери кушод эълон шуда буд. Аввали соли равон б о иштироки Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-дара» баъди таъмиру навсозии куллӣ расман мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста