Дар Харитаи сармоягузорӣ, ки аз ҷониби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон таҳия шудааст, лоиҳаи сохтмони 34 нерӯгоҳи барқи обии нави бузургу миёна пешниҳод мешавад.
Аз ҷумла, бунёди 12 нерӯгоҳи нав (бо иқтидори аз 100 ва болотар аз он Мегаватт) дар дарёи Панҷ, 6 нерӯгоҳ - дар дарёи Зарафшон бо иқтидори то 210 МВт), 5 нерӯгоҳ - дар дарёи Оби Хингов, 4 нерӯгоҳ - дар дарёи Сурхоб, 3-тогӣ нерӯгоҳ- дар дарёҳои Мастчоҳ ва Вахш ва 1 нерӯгоҳ - дар Амударё пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаҳои бештар бузургтар инҳоанд: сохтмони НБО Рӯшон дар дарёи Панҷ (бо иқтидори 3 ҳазор МВт); сохтмони НБО «Дарвозаҳои хоро» дар дарёи Панҷ (2,1 ҳазор МВт); сохтмони НБО Ҷумар дар дарёи Панҷ (2 ҳазор МВт); бунёди НБО Ширговад дар дарёи Панҷ (1,9 ҳазор МВт) ва сохтмони НБО Хустав дар дарёи Панҷ (1,2 ҳазор МВт).
Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни замон дар қаламрави Тоҷикистон 11 нерӯгоҳҳои барқи обии миёна ва бузург фаъолият доранд, ки бузургтаринаш нерӯгоҳи Норак бо иқтидори 2,7 ҳазор МВт мебошад.
Қобили зикр аст, ки феълан дар дарёи Вахш сохтмони НБО Роғун бо иқтидори 3,6 ҳазор МВт идома дорад.
Ғайр аз ин, тибқи маълумоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ, дар Тоҷикистон ҳамчунин беш аз 200 неругоҳҳои барқи обии хурд низ амал мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста