Оташгирӣ дар шабакаҳои барқи Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) ба ҷараёни истеҳсоли маҳсулот таъсир нарасонд.
«Рӯзи 2 май ҳақиқатан ҳам яке аз тарнсформаторҳо оташ гирифт. Муддати 20 дақиқа оташ хомӯш карда шуд», - иттилоъ дод ба «Азия-Плюс» дар ин робита роҳбари департаменти иттилоотиву таҳлилии ТАЛКО Игор Сатторов.
Ба қавли ӯ, ширкат таҷҳизоту дастгоҳҳои барқии иловагие дорад, ки маҳз барои истифода дар чунин ҳолатҳои фавқулода пешбинӣ шудаанд.
«Агар ин дастгоҳу таҷҳизот истифода нашаванд, оташдони электролизӣ сард (хунук) мешавад. Ба як трансформатор ба ҳисоби миёна 20 адад оташдонҳои электролизӣ васл мешаванд. Дар ширкат беш аз 350 адад чунин трансформаторҳои иқтидори гуногун мавҷуд аст. Ҳамин тавр, таъминот бо барқ дарҳол ба сарчашмаҳои захиравӣ гузаронида шуд», - шарҳ дод ӯ.
Игор Сатторов ҳамчунин изҳор намуд, ки аз ин ҳодиса «касе ҳам осеб надидаву истеҳсолот низ хисорот набардоштааст».
Зимнан зикр гардид, ки ТАЛКО имсол ният дорад, ки ҳаҷми истеҳсоли алюминийро ба андозаи 15% афзуда, дурнамои нишондиҳандаи ҳаҷми истеҳсолот дар соли равон 160 ҳазор тонна аст, ки нисбат ба соли гузашта 21 ҳазор тонна зиёдтар мебошад.
«Аммо ин дурнамо бо назардошти вазъи бозор метавонад тағйир ёбад, яъне агар нишондиҳандаҳои бозор беҳтар шаванд, мутаносибан ҳаҷми истеҳсол низ зиёд мешавад ё баръакс», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста