ҶСП "Спитамен Бонк" барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолиро ба роҳ мемонад. Мақсади ин барнома дар рушди сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ, бо роҳи гузаронидани тренинг ва семинарҳои кушод, чопи матлаб дар ВАО ва сомонаҳои интернетӣ, инчунин тариқи дастгирии чорабиниҳои барои инкишофи маълумотнокии аҳолӣ доир ба молияи шахсӣ мебошад.
Самтҳои асосии барнома баланд бардоштани саводнокии молиявии талабагони синфҳои болоӣ, беҳбуди саводнокии молиявии донишҷӯён, ва аҳолии баркамол мебошад.
Барои ҳар яке аз ин самтҳо барномаҳо ва модулҳои мутобиқшуда, ки талабот ва махсусияти аудиторияи ҳадафиро дар назар мегиранд, тайёр карда мешаванд.
Чунонки доктори илмҳои иқтисодӣ, муовини аввали раиси Раёсати ҶСП “Спитамен Банк” Ҳикматов С.У. иброз дошт: "Саводнокии молиявӣ - ин заруриятест, ки бо тақозои шароити замона пайдо гардидааст. Таҷрибаи давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ рушдкарда нишон медиҳад, ки шахс бояд аз хурдӣ саводи молиявӣ дошта бошад. Маҳз барои ҳамин, дар раванди омӯзишии давлатҳои рушдёфта фанҳои ба саводнокии молиявӣ марбут дохил карда шудаанд”.
Тренингҳо ва семинарҳо барои талабагони синфҳои боло ёрӣ мерасонанд, ки онҳо соҳиби донишҳои асосӣ гарданд ва сутунҳои саводнокии молиявиро аз бар кунанд. Ба донишҷӯён ва аҳолии баркамол саводнокии молиявӣ имконият медиҳад, ки доир ба маҳсулоти бонкӣ бештар маълумот пайдо намоянд ва инчунин дониши заруриро барои идораи буҷети оилавӣ пайдо кунанд.
“Спитамен Бонк” мақсад дорад, ки ба беҳбудии аҳолӣ бо роҳи омӯзиши истифодаи дурусти воситаҳои молиявӣ ва маҳсулоти бонкӣ мусоидат карда, инчунин ба паст шудани сатҳи камбизоатӣ тариқи омӯзонидани истифодаи самараноки буҷети оила саҳми худро гузорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста