Як ҳайати Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) таҳти роҳбарии Пол Росс ба Тоҷикистон ташриф оварда, рӯзи панҷшанбе бо муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамшед Каримзода дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҶТ, зимни мулоқот ҷонибҳо ба масоили сиёсти моливу андоз ва бонкӣ, нақшаҳои буҷети соли 2016 ва бо назардошти дурнамоҳои иқтисодӣ, ба хароҷоти афзалиятнок, даромадҳои интизоридошта, касри тарҳрезишуда ва сарчашмаҳои маблағгузории он таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуда, Пол Росс бо ироаи тавсия ва пешниҳодҳо перомуни ҳадафу вазифаҳои сафари ҳайат ибрози назар кардааст.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни сафар ҳайати ХБА ният дорад, ки бо раёсатҳои Вазорати молия масоили зарурӣ оид ба самтҳои асосии сиёсати иқтисодиро баррасӣ намояд.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни вохӯрӣ Каримзода зикр кардааст, ки давоми ҳамкориҳо бо ХБА, бахусус дар самти баргузор кардани ислоҳот дар бахшҳои молияи Тоҷикистон пешравиҳои назаррас ба даст оварда шуда, изҳори итминон шудааст, ки минбаъд низ ҳамкориҳо бо Хазина дар заминаи созандагӣ рушду густариш хоҳанд ёфт.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки ХБА як ҳайати худро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки имкони кумаки молӣ ба ин кишвар баррасӣ ва барномаи дастгирӣ мувофиқа шавад.
Мудири департаменти Шарқи Наздик ва Осиёи Марказии ХБА Масъуд Аҳмад ба нашрияи Financial Times дар ин робита гуфта буд, ки бинобар сабаби бозгашти муҳоҷирон ба ватан ва ҳамчунин ба иллати коҳиши арзиши алюминий ва нахи пахта, ки маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон мебошанд, Тоҷикистон бо «мушкидоти ҷиддӣ» дучор шудааст.
Қобили зикр аст, ки моҳи феврали соли равон муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев ба ин нашрия иттилоъ дода буд, ки оид ба ҷалби воситаҳои ХБА дар ҳаҷми 500 млн. доллари ИМА гуфтушунид ҷараён дорад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста