Дар қароргоҳи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар шаҳри Душанбе бо иштироки Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбониён Абдусалом Карим, Муовини аввали Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев, муовинони Раиси БМТ Сироҷиддин Икромӣ ва Умед Латифов, намояндагони ташкилотҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ: Бонки аврупоии таҷдид ва рушд (БАТР), Бонки ҷаҳонӣ (БҶ), Хазинаи байналмилалии асъор (ХБА) Давид Григорян, Корпоратсияи молиявии байналмилалӣ (КМБ), намояндагони ширкатҳои байналмилалии аудитории Ernst & Young ва Грант Торнтон, Раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода, муовини аввали раиси бонк Қурбон Раҳматов, муовинони раиси бонк Онаҷон Рашидова ва Фирдавс Бердиев ва дигар мутахассисону коршиносон оид ба вазъи молиявии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" ва роҳҳои беҳтар намудани фаъолияти он ҷаласа доир гардид.
Тавре аз ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ доданд, нахуст намояндаи ширкати байналмилалии Ernst & Young Зиё Салом Каёнӣ, ки вазъияти воқеии Тоҷиксодиротбонкро аз рӯи ҳисоботи ширкати аудитории Грант Торнтон баҳогузорӣ кардааст, муаррифӣ намуд. Зикр гардид, ки таъсири омилҳои буҳронӣ ба фаъолияти Тоҷиксодиротбонк чашмрас буда, ҷиҳати баромадан аз вазъияти мавҷуда чораҳои фаврӣ бояд андешида шавад.
Зикр гардид, ки бо мақсади ҳифзи эътимоди мардум ба низоми бонкии кишвар дар шароити таъсири омилҳои буҳронӣ ба низоми бонкӣ ва иқтисоди мамлакат дастгирии бонкҳо тақазои замон аст. Ҳамаи иштирокдорон якдилона изҳор намуданд, ки Тоҷиксодиротбонк, ки яке аз бонкҳои низомсози кишвар аст, дар шароити кунунӣ ниёз ба дастгирии молиявӣ дорад. Аз ҷумла, бо роҳи сармоягузории иловагӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳ вазъи фаъолияти бонк муътадил карда хоҳад шуд, то бонк тавонад уҳдадориҳои худро дар назди муштариён пурра ва бенуқсон иҷро намояд.
Дар навбати худ Раиси ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" Тоҷидин Пирзода нақшаи амалии солимгардонии фаъолияти бонкро пешниҳод намуд, ки аз тарафи иштирокдорони ҷаласа маъқул дониста шуд.
Зимни дастгирии стратегияи роҳбарияти Тоҷиксодиротбонк изҳор гардид, ки баъд аз ҷаласаи солонаи БАТР, ки 11 майи соли равон дар Лондон доир гардида, дар он роҳбарияти БМТ ва ҶСК "Тоҷиксодиротбонк"ширкат меварзанд, масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста