Ба андешаи коршиносон, барои мавҷудияти офшорҳо «асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад», вале дар ҳамин ҳол, иқтисодчиён эътироф мекунанд, ки аз байн бурдани минтақаи имтиёзҳои андозӣ кори начандон осоне хоҳад буд.
Хабаргузории «Мавҷи Олмон» (Немецкая волна) менависад, беш аз 300 нафар иқтисодчиён аз 30 кишвари ҷаҳон сарони кишварҳоро ба барҳамдиҳии офшорҳо даъват намудаанд, зеро ба андешаи онҳо, минтақаҳои дорои имтиёзоти андозӣ «ба ҳадафҳои иқтисодӣ нигаронида нашудаанд» ва ба «некӯаҳволии саросари ҷаҳон» чизе зам намекунанд.
Ин изҳоротро ВАО рӯзи 9 май дар остонаи конфронс оид ба мубориза бо коррупсия интишор карданд, ки баъди чанд рӯз дар Лондон бо иштироки сиёсатмадорон аз 40 кишвари ҷаҳон ва ҳамчунин намояндагони Бонки ҷаҳонӣ ва Хазинаи байнулмилалии асъор доир мегардад.
«Аз байн бурдани офшорҳо осон нахоҳад буд, чунки ин ҷо манфиатҳои бузурги шахсии касоне ҷой дорад, ки аз вазъи ҷорӣ қаноатманданд», - гуфтаанд муаллифони даъват. Ба ақидаи онҳо, «барои мавҷудияти минбаъдаи офшорҳо «ҳеҷ гуна асоси иқтисодӣ вуҷуд надорад». Миёни муаллифони муроҷиатнома дорандаи ҷоизаи Нобел оид ба иқтисод дар соли 2015 Ангус Дитон, собиқ сариқтисодчии Хазинаи байнулмилалии асъор Аливе Бланшар ва боз бисёре аз иқтисодчиёни маъруф ҳузур доранд.
Қобили зикр аст, ки баъди интишори «Авроқи Панама» ба офшорҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд. Миёни ин афрод аз нахуствазири Британияи Кабир Дэвид Кэмерон низ ном бурда шуда, зикр гардид, ки падари соли 2010 даргузаштаи ӯ як ширкати офшорӣ доштааст. Худи Кэмерон изҳор намуд, ки падараш аз пардохти андоз саркашӣ накарда, ширкатро «барои ҳадафҳои сармоягузорӣ» истифода мекард.
«Офшор» , яъне берун аз соҳил ё ба маънои "ҷазира" - манотиқи хурдест, ки ба соҳибкорон имкон медиҳад, сармояи худро дар он ҷо махфӣ ва аз андоз эмин нигоҳ доранд. Бузургтарин манотиқи офшорӣ дар Швейтсария, Люксембург, Британия, Амрико ва Сингапур воқеъ буда, дар маҷмӯъ дар ҷаҳон 70 минтақаи офшорӣ вуҷуд дорад, ки ба афроди сарватманд ва ширкатҳои бузург кумак мекунанд, то бо ҳиллаҳои гуногун аз пардохти молиёт сар печанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста