Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол хатсайри нави Душанбе-Лоҳур-Душанберо роҳандозӣ намуд. Парвози нахустин ба самти Лоҳур санаи 6-уми майи соли 2016 тавассути ҳавопаймои Боинг 737-900 анҷом дода шуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти ширкати «Сомон Эйр» иттилоъ доданд, дар маросими ифтитоҳи хатсайр Директор оид ба тиҷорати ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» Эҷаз Хан, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерали Ганҷалзода, сафири Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон Тариқ Иқбол Сумро, роҳбари Палатаи Савдо ва саноати ҶТ Шариф Саид ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
Бо хатсайри нахустин ба шаҳри Лоҳур 54 нафар ва аз Лоҳур ба Душанбе 29 нафар мусофирон интиқол дода шуданд. Дар маросимҳои ифтитоҳи хатсайр дар фурудгоҳҳои Душанбе ва Лоҳур қайд гардид, ки роҳандозии хатсайри мазкур ба таҳкими муносибатҳои мутақобила мусоидат хоҳад кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки дигар барои расидан аз Душанбе ба Лоҳур ва аз Лоҳур ба Душанбе сарфи зиёди вақт – 24 соат лозим нест. Маблағи роҳкиро низ сарфа мешавад.
Парвозҳо ба дуввумин шаҳри бузурги Покистон ва маркази фарҳангии ин кишвар ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои душанбе ва ҷумъа иҷро мешаванд. Кулли парвозҳо тариқи ҳавопаймоҳои Боинг 737 сурат мегиранд. Давомнокии парвоз аз Душанбе ба сӯи Лоҳур 1 соату 30 дақиқа ташкил медиҳад.
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ҳамчунин тасмим дорад рӯзҳои наздик боз як хатсайри нав - Душанбе-Теҳрон-Душанберо ифтитоҳ намояд. Парвозҳо дар ин хатсайр ҳафтае ду маротиба иҷро хоҳанд шуд. Дар айни замон «Сомон Эйр» парвозҳоро аз Душанбе ба самти Олмон, АМА, Туркия, Хитой, Россия, Қазоқистон, Покистон ва Афғонистон анҷом медиҳад. Парки ҳавопаймоии ширкат аз ҳавопаймоҳои Боинг 737-300, -800 ва -900 иборат мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста