Дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.
Нашрияи бритониёии BNE Intellinews дар ин робита менависад, ин ҳафта дар доираи маҷлиси солонаи БАТР дар Лондон масъалаи вуруди сармоя ба «Тоҷиксодиротбонк» баррасӣ мешавад. Қайд мешавад, ки «Тоҷиксодиротбонк» ба БАТР харидории 50%-и саҳмияҳои бонкро пешниҳод намудааст, ки ҳаҷми сармояи умумии он 80 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
«Мо аллакай бо президенти БАТР Сума Чакраборти вохӯрда, ӯ нияти кумак ба моро изҳор кард, - гуфтааст ба нашрия раиси «Тоҷиксодиротбонк» Тоҷиддин Пирзода. - Бори дигар мо рӯзи 12 май бо ӯ мулоқот ва то чӣ андоза ба шартҳои БАТР мутобиқ буданамонро баррасӣ мекунем. Ба ҷуз БАТР, барои сармояи саҳмиявӣ мо дигар сармоягузоронро низ ҷустуҷӯдорем, аз ҷумла Корпоратсияи байнулмилалллии молиявӣ. Барои пардохтпазир будан мо ҳарчи бештар сармоя ҷалб карданием, то ки уҳдадориҳои худ назди саҳмгузоронамонро ба иҷро расонем».
Қаблан «Тоҷиксодиротбонк» иттилоъ дода буд , ки дар ҷаласаи 11 майи солонаи БАТР дар Лондон масъалаи ворид шудани БАТР ба ҳайати саҳҳомони ҶСК "Тоҷиксодиротбонк" дар сатҳи баланд баррасӣ хоҳад шуд.
Бо арзёбии вазъи воқеъии «Тоҷиксодиротбонк», коршиносони байнулмилалӣ «таъсири назарраси омилҳои буҳронӣ»-ро қайд карда, бар ин назаранд, ки барои раҳоӣ аз ин вазъ, рӯйи даст гирифтани тадбирҳои таъҷилӣ зарур аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста