Раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров имрӯз, 13 май зимни баррасии лоиҳаи тағйироту илова ба қонун «Дар бораи танзими давлатии ҳосилхезгардонии заминҳои таъиноти кишоварзӣ» бори дигар аз дастовардҳои начандон назарраси кишоварзони кишвар интиқод кард.
«Соли гузашта дар ҳудуди 300 ҳазор гектар зироати ғалладона кишт шуда, ҳосили бадастомада наздики 800 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки ҳамагӣ ба нисфи талаботи ҷумҳурӣ баробар аст», - гуфт ӯ.
Дар идома ӯ зикр кард, ки соли гузашта кишоварзон аз ҳар як гектар ба ҳисоби миёна 28 сентнер зироати ғалладона ҳосил гирифта, барои комилан бо зироати ғалладона таъмин кардани ҷумҳурӣ, аз як гектар ҳадди ақал ба даст овардани 50 сентнер ҳосил зарур аст.
Мутобиқи тағйироту иловаҳои имрӯз ба қонуни зикршуда қабулшуда, минбаъд дар Тоҷикистон ҳамаи хоҷагиҳои деҳқониву фермерӣ ба иҷрои тадбиру меъёрҳои аз ҷониби Вазорати кишоварзӣ муқарраршуда оид ба ғизодиҳӣ, шудгору кишт ва обёрии замин уҳдадор карда мешаванд.
Ёдрас мекунем, ки моҳи октябри соли гузашта зимни баррасии тағйироту иловаҳо ба қонун «Дар бораи тухмипарварӣ» низ Шукурҷон Зуҳуров фаъолияти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ дар ин самтро мавриди интиқоди шадид қарор дода буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста