Аз оғози сол шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон тақрибан 200 ҳазор нафар ва ҳамчунин шумори истифодабарандагони алоқаи мобилӣ низ 1,3 млн. нафар кам шудааст.
Бино ба маълумоти Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ, ба аввали моҳи апрели соли ҷорӣ шумори корбарони шабакаи Интернет дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2,8 млн. нафар (аввали сол - 3 млн. нафар)-ро ташкил додааст.
Давоми соли гузашта шумори корбарони шабакаи Интернет дар Тоҷикистон қариб 800 ҳазор нафар коҳиш ёфтааст. Дар Хадамоти алоқа сабаби чунин ҳолатро ба «буҳрони иқтисодӣ» нисбат дода буданд.
Дар ҳамин ҳол, семоҳаи аввали соли равон шумори муштариёни алоқаи мобилӣ ба таври назаррас - 1,3 млн. нафар кам шудааст.
Тибқи маълумоти хадамоти алоқа, аввали сол шумори истифодабарандагони алоқаи модилӣ дар кишвар ба 11,2 млн. нафар (5,2 млн. нафар - муштариёни фаъол) баробар буда, аввали моҳи апрел шумори онҳо аллакай то 9,9 млн. нафар (4,9 млн. нафар - муштариёни фаъол) кам шудааст.
Ба иттилои манбаъ, бо вуҷуди ин, даромади операторон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 5% афзуда, беш аз 611 млн. сомониро ташкил додааст. Дар ин давра даромади операторони хусусӣ низ 4,2% афзуда, ба 574, 3 млн. сомонӣ баробар шудааст.
Семоҳаи аввали соли 2016 даромади оператори миллии ҶСК «Тоҷиктелеком» ва КВД «Почтаи Тоҷик» 20,6% зиёд шуда, 37,4 млн. сомониро ташкил додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста