Тӯли се моҳи аввали соли равон ба буҷети давлатии Тоҷикистон аз нақша ҳудуди 205 млн. сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.
Бино ба маълумоти фавии Вазорати молияи ҶТ, ҳаҷми умумии буҷет давоми моҳҳои январ-марти соли ҷорӣ 3 млрд. 471 млн. сомониро ташкил додааст, ки аз нақшаи тасҳеҳшуда 5,6% камтар аст.
Ба истилоҳи дигар мақомоти молиявии ҷумҳурӣ дар семоҳаи аввали соли равон ба буҷет равона кардани 3 млрд. 676 млн. сомонӣ маблағро дар нақша доштанд, вале барои ба ин нишондиҳанда расидан, тақрибан 205 млн. сомонӣ (беш аз 26 млн. $) маблағ камӣ кардааст.
Дар Вазорат камбуди буҷетро ба коҳиши ҳаҷми воридоти маблағҳои ғайриандозӣ ва ҳамчунин кам шудани даромад аз фаъолияти савдои хориҷӣ нисбат медиҳанд. Қобили зикр аст, ки ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ беш аз 10% коҳиш ёфтааст .
Тибқи маълумоти Вазорати молия, дар муқоиса бо моҳҳои январ-марти соли 2015 семоҳаи аввали имсол ҳаҷми воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз 8,5% (қариб 200 млн. сомонӣ) афзуда, беш аз 2 млрд. 537 млн. сомониро ташкил додаанд. Ҳиссаи воридоти маблағҳо аз ҳисоби андоз дар ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 73%-ро ташкил додааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ 26% (683 млн. сомонӣ) зиёд шуда, ҳудуди 3,3 млрд. сомониро ташкил додааст.
Қобили зикр аст, ки дар соли 2016 ҳаҷми умумии Буҷети давлатии Тоҷикистон 18 млрд. 306 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли 2015 дар ҳаҷми 3,3 млрд. сомонӣ ё худ 19,8% зиёдтар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста