Тӯли 4 моҳи соли 2016 ҳаҷми муомилоти моли хориҷии Тоҷикистон беш аз 1 млрд. 185 млн. доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2015 ба андозаи 10,2% ё худ 135 млн. доллар камтар аст.
Тавозуни савдо дар ин давра манфӣ буда, 656 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст.
Ҳаҷми содироти мол давоми 4 моҳи аввали соли ҷорӣ 265 млн. доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2015 ба миқдори 24,4 млн. доллари ИМА ё худ 8,4% камтар аст. Аз ҷумла ҳаҷми содироти пахта нисбат ба соли гузашта қариб 25% коҳиш ёфтааст.
Ҳаҷми воридоти мол дар ин давра ба 920 млн. доллари ИМА баробар шудааст, ки нисбат ба 4 моҳи аввали соли гузашта ба андозаи 10,7% ё худ 110 млн. долллари ИМА камтар мебошад. Масалан, ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ - 35% ва орд қариб 32 кам шуда, дар ҳамин ҳол, ҳаҷми воридоти гандум 26% афзудааст.
Давоми моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ Тоҷикистон бо 97 кишвари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст. Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Чин (298 млн. $), Русия (287 млн. $), Қазоқистон (192 млн. $) ва Туркия (105 млн. $) дониста шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста