Тӯли 4 моҳи аввали соли ҷорӣ сохтмон ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои манзилҳои зистдар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза кам шуд. Дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта майдони манзилҳои мавриди истифода қароргирифта дар ин давра беш аз 30% коҳиш ёфт.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз Агентии омори назди президенти ҶТ иттилоъ доданд, давоми моҳҳои январ-апрели соли равон 2016 дар маҷмӯъ майдони умумии 161 ҳазор метри мураббаъ манзилҳои зист ба истифода дода шудааст, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 69,8%-ро ташкил медиҳад.
Давоми 4 моҳи аввали соли 2015 дар ҷумҳурӣ майдони умумии 230 ҳазор метри мураббаъ манзили зист мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта буд, ки аз нишондиҳандаи соли 2014 ба андозаи 34% зиёдтар буд.
Дар Агентии омор қайд карданд, ки сохтмони биноҳои манзилҳои зист асосан аз ҷониби субъектҳои бахши ғайридавлатӣ амалӣ мешавад.
Зимнан зикр гардид, ки соли равон ҳамчунин суръати ба истифода додани мактабҳои муассисаҳои таълимии маълумоти умумӣ низ поин рафт.
Ба иттилои манбаъ, тайи моҳҳои январ-апрели соли 2016 ҳамагӣ як мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 120 нафар толибилмон (ҳамин давраи соли гузашта - 5 мактаб барои 424 нафар хонадагон) мавриди истифода қарор гирифтааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста