Зимни мулоқоти вазири молияи Тоҷикистон Абдусалом Қурбониён бо намояндагони Бонки ҷаҳонӣ таҳти сарварии роҳбари бахши энергетика ва саноати истихроҷ дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ранҷит Ламек масоили маблағгузорӣ ба лоиҳаи таъмиру таҷдиди нерӯгоҳи барқи обии Норак бар пояи арзёбии фанниву иқтисодии он мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати молияи ҷумҳурӣ, дар вохӯрӣ ҳамчунин атрофи консепсия ва нақшаи амалисозии лоиҳаи мазкур, саҳми ниҳодҳои молии байнулмилалӣ, аз ҷумла Бонки ҷаҳонӣ, Бонки осиёгии рушд, Бонки осиёгии сармоягузориҳои зербиноӣ, Бонки авруосиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдиду рушд ва Бонки исломии рушд дар амалисозии он табодули назар сурат гирифт.
Гуфта мешавад, барои муваффақона амалисозии ин лоиҳа тамои ҷузъиёти арзиши таъмиру таҷдиди нерӯгоҳро дақиқан асоснок мебояд кард. Маблағгузории он дар якчанд марҳила пешбинӣ мешавад.
Зимнан зикр мегардад, ки дар мулоқоти мазкур ҳамчунин намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс Картер ва муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Ҷашед Шоимзода низ ҳузур доштанд.
Қобили зикр аст, ки нерӯгоҳи барқи обии Норак бузургтарин иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон шуморида шуда, беш аз 70%-и нерӯи барқи дар кишвар истеҳсолшуда ба ҳиссаи ин нерӯгоҳ рост меояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста