Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд тақрибан ҳудуди 15 млн. доллари ИМА маблағ зарур аст .
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ, лоиҳаи сармоягузории мазкур ба таъмиру азнавсозии иқтидорҳои истеҳсолии амалкунандаи фурудгоҳ ва то дараҷаи 1-уми Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ расонидани онҳо нигаронида шудааст.
Лоиҳа корҳои сохтмону насб ва таҷдиди фарши аэродром, харидории таҷҳизоти рӯшноиву овозӣ, корҳои лоиҳавӣ ва гузоштани чароғакҳои шиддатнокиашон баланд бо самти фурудоиро дар бар мегирад.
Дар лоиҳа ҳамчунин иҷрои корҳои сохтмону насб оид ба таҷдиди перрон (тарҳи нави ҷойҳои таваққуфгоҳ ва васеъ намудани он) ба нақша гирифта шудааст.
Барои таъмиру азнавсозӣ ва таҷдиди техникии Фрудугоҳи байнулмилалии Хуҷанд ҷалби қарзҳои имтиёзнок пешбинӣ гардида, муҳлати худкифоӣ (хароҷотбарорӣ)-и он 9 солро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки чанд рӯз пеш Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар ин робита хабар дода буд , ки корҳои таъмиру азнавсозиии ин фурудгоҳ аз ҳисоби мабалғҳои худи Фурудгоҳи байнулмилалии Хуҷанд ва кумаки молии Бонки аврупоии таҷдиду рушд ба роҳ монда мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста