Аз 20 майи соли равон пардохти маблағҳои муштариён дар доираи лоиҳаи музди меҳнат ба дорандагони кортҳои пардохтии ҶСК "Тоҷиксодиротбонк", ки чанд рӯзи охир мутаваққиф шуда буд, аз нав ба роҳ монда шуд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии бонк, акнун муштариён имкон доранд, ки аз бинои Сарбонк дар доираи меъёри муайян маблағҳои худро дарёфт намоянд.
Гуфта мешавад, маъмурияти муваққатии Тоҷиксодиротбонк бо мақсади ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ҳамаи имкониятҳои мавҷударо истифода бурда, дар марҳалаи аввал пардохти маблағҳои музди меҳнат ва амонатҳои муҳлаташон поёнёфтаи муштариёнро таъмин хоҳад кард.
Тибқи маълумоти расида ба «Азия-Плюс» дар ин робита, дар дафтари асосии кории бонк (ошёнаи дуюм) мизоҷон бояд як тартиби муайяни бақайдгириро анҷом дода, сипас онҳо метавонанд дар ҳаҷми то 200 сомонӣ пули нақд гиранд.
Қобили зикр аст, ки «Тоҷиксодиротбонк» яке аз бонкҳои бузургтарини ҷумҳурӣ шуморида шуда, аз оғози соли равон ба мушкилоти молӣ дучор шуд ва ин ба бонк имкон намедиҳад, ки хизматгузориҳояшро бо мизоҷони худ дар ҳаҷми пурра анҷом диҳад.
Қаблан иттилоъ дода будем , ки дуюмин бонки тиҷоратии бузург дар Тоҷикистон - «Тоҷиксодиротбонк» баҳри кумак ба Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муроҷиат кард, то ки буҳрони имконпазири пардохтпазириро пешгирӣ кунад.
Бонки миллии Тоҷикистон санаи 18 май бо мақсади беҳтар кардани вазъи молиявии ҶСК «Тоҷиксодиротбонк» ва ҳимояи манфиатҳои пасандоздорон ва қарздеҳон, ба муҳлати то се моҳ дар бонки зикршуда маъмурияти муваққатӣ таъйин намуд.
Сарфи назар аз ба мушкилот дучор шудани яке аз бонкҳои низомсози кишвар - «Тоҷиксодиротбонк» дар хизматгузорӣ ба мизоҷон аз оғози сол, эътимод ба низоми бонкии Тоҷикистон устувор арзёбӣ мешавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста