Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода рӯзи 24 май бо роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа мулоқот кард.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар», бо таъкиди муҳимияти нақшаю барномаҳо ва тадбирҳои амалинамудаи ҳукумати Тоҷикистон дар соҳаи алоқа, ӯ изҳор дошт, ки мақоми Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа дар шароити ниҳоят мураккаби авзои ҷаҳон, хусусан дар шароите, ки ҷиноятҳои марбут ба алоқа ва интернет афзоиш меёбанд, бояд боз ҳам баланд бардошта шуда, робитаю ҳамкории соҳавӣ тақвият бахшида шаванд.
Гуфта мешавад, дар мулоқот доир ба тақвияти ҳамкории минбаъда дар соҳаи алоқаву технологияҳои иттилоотию комуникатсионӣ ва фаъолгардонии кори Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа табодули афкори судманд баргузор шуд.
Зимна таъкид мешавад, ки қарорҳои Шўрои роҳбарони сохторҳои алоқаи кишварҳои узви Иттиҳоди минтақавӣ дар соҳаи алоқа, ки ин навбат дар шаҳри Душанбе доир мегардад, дар оянда ба тақвияти ҳамкории минтақавӣ ва пешрафти ин соҳаи муҳим дар кишварҳои аъзои Иттиҳод мусоидат менамояд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста