Дар доираи чорабинии «Корвони тиҷоратии Покистон» рӯзи 25 май дар шаҳри Душанбе форуми доираҳои корӣ ва тиҷоратии Тоҷикистону Покистон доир гардид.
Дар кори форум дар баробари созмондиҳандагони ин чорабинӣ ва намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистон ва созмонҳои байнулмилалӣ, ҳамчунин беш аз 50 нафар намояндагони доираҳои тиҷорату савдои Тоҷикистону Покистон, Русия, Туркия ва Чин низ ширкат варзиданд.
Зимни суханронӣ дар маросими ифтитоҳи форум муовини раиси Палатаи савдо ва санаоти Тоҷикистон Манзура Рустамова изҳор дошт, ки форум яке аз чорабиниҳои бузург дар Тоҷикистон маҳсуб ёфта, ба таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодии кишварҳо нигаронида шудааст. « Ин чорабинӣ ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳо мусоидат хоҳад кард», - таъкид дошт номбурда.
Дар идомаи кори форум гуфтушунидҳои дуҷониба баргузор шуда, доир ба масоили иштироки соҳибкорону тоҷирон дар фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои сайёҳӣ, транзити мол, маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ ва таҷҳизоти тиббӣ табодули назар сурат гирифт.
Миёни тоҷирон ҳам гуфтушунидҳо доир гардида, дар вохӯриҳо масоили густариши ҳамкориҳо дар бахши кишоварзӣ, индустрия, саноати дӯзандагиву бофандагӣ, тандурустӣ ва дорусозӣ, саноати кимиё, савдо, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, маҳсулоти варзишӣ ва техникаи маишӣ, саноати хӯрокворӣ ва истихроҷӣ кӯҳӣ, сайёҳӣ ва ғайра баррасӣ шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста