Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода рӯзи 28 май бори навбатӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар марҳилаи дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 шинос шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , сохтмони ин иншоот бар асоси созишномаи қарзии қаблан баимзорасида миёни ҳукумати Тоҷикистон ва «Эксимбонк»-и Чин ҷараён дошта, дар бунёди он беш аз 1000 мутахассиси тоҷик ва чинӣ ҷалб шудааанд.
Гуфта мешавад, сарвазири ҷумҳурӣ ҳамчунин аз маҳалли бунёди нуқтаҳои марказии тақсимоти гармӣ ва шоҳқубурҳои интиқоли гармӣ дар қитъаҳои алоҳидаи шаҳри Душанбе ва мавзеи бунёди анбори нигоҳдории ангишт барои 450 ҳазор тонна боздид кардааст.
Ба сарвазир маълумот дода шудааст, ки айни замон корҳои бунёди МБГ дар марҳилаи дуюм ба андозаи беш аз 75 фоиз ба анҷом расида, 90 фоизи таҷҳизоти зарурӣ аллакай дастрас шудааст.
Расулзода ба роҳбарони сохторҳои дахлдори сохтмон дастур додааст, ки ба сифати корҳои сохтмон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд.
Дар паёми президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба парлумон дар ин робита зикр гардида буд, ки давоми се соли оянда иқтидори МБГ Душанбе-2 бояд аз 100 МВт-и ҳозира то ба 400 МВт расонида шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста