Бонки Эсхата бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба аксияи «Рушди ҳамкорӣ -2016» оғоз бахшид.
Мизоҷони интиқоли пулӣ, ки аз низомҳои байналхалқӣ истифода мебаранд ва дар Аксия ширкат меварзанд, метавонанд имконияти хуб ба даст оварда, соҳиби яке аз се автомашинаи тамғаи Мерседес Бенс Е класс, мукофотҳои пулӣ аз 5000 то 10000 сомони гарданд.
Иштирок дар Аксия ройгон буда, се минтақаро фаро мегирад: ш. Душанбе ва ноҳияҳои тобеъи марказ, вилояти Суғд ва вилояти Хатлон.
Аксияи «Рушди ҳамкорӣ – 2016» аз санаи 1 июни соли равон то 30 сентябр идома ёфта, дар охири ҳар моҳ натиҷабардорӣ карда мешавад. Тӯҳфаҳои асосӣ, яъне автомашинаҳои Мерседес моҳи октябр бурд шуда, соҳибони толеъбаланди худро дарёфт хоҳанд кард.
Инчунин барои иштирокчиёни фаъоли Аксия низ тӯҳфаҳои пулӣ пешбинӣ карда шудааст.
Соли сеюм аст, ки Бонки Эсхата барои мизоҷонаш имконияти бурди тӯҳфаҳои арзишнок ва пулиро пешкаш медорад. То ба имрӯз 6 нафар мизоҷони толеъбаланди Бонки Эсхата соҳиби автомашинаҳо ва 70 нафар соҳиби дигар тӯҳфаҳои арзишнок гаштанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста