Ҳаҷми нафақа, стипендия ва маошҳои кормандони соҳаи буҷет тибқи нақшаи пешбинишуда аз 1 июли соли равон боло мераванд.
Тавре аз Вазорати молияи ҷумҳурӣ ба «Азия-Плюс» итминон доданд, барои амалисозии ин иқдом маблағу воситаҳои зарурӣ мавҷуд буда, оид ба пардохтҳои мазкур мушкилоте ҷой надорад ва аз ин рӯ, дастури сарвари давлат саривақт ва пурра ба иҷро расонида мешавад.
Қобили зикр аст, ки моҳи январи соли ҷорӣ зимни ироаи паёми ҳамасола ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дод , ки аз 1 июл ҳаҷми нафақаву маош ва стипендияҳо барои аҳолӣ боло бурда шаванд.
Ӯ таъкид дошта буд, ки соли гузашта бар асари буҳрон ҳаҷми маошу нафақа ва стипендияву кумакпулиҳо боло бурда нашуданд, вале ин ибтикор барои ҳукумати ҷумҳурӣ афзалиятнок маҳсуб ёфта, фароҳам овардани шароити хуби зиндагӣ ҳадафи олии президенту ҳукумат аст.
Сарвари давлат зикр карда буд, ки аз 1 июли соли 2016 амалисозии марҳилаи навбатии болоравии музди меҳнат оғоз мегардад.
Авали соли дар Вазорати молия ба рӯзноманигорон иттилоъ дода буданд , ки барои боло бурдани ҳаҷми нафақаву стипендия ва кумакпулиҳову маоши кормандони бахши буҷети дар нимаи соли равон 620 млн. сомонӣ маблағ зарур аст.
Қайд шуда буд, ки ин воситаҳо дар қисмати хароҷоти буҷети давлатии кишвар барои нимсолаи дуюми соли 2016 пешбинӣ шуда, дар маҷмӯъ барои рӯйпӯш сохтани фарқ бо назардошти болоравии пешбинишуда аз 1 июл, ҳамасола 1,3 млрд. сомонӣ маблағи иловагӣ лозим аст.
Тибқи маълумоти Вазорати молия, аз моҳи июли соли 2016 ҳаҷми маоши хизматчиёни давлатӣ, кормандони сохторҳои қудратӣ ба андозаи 15%, кормандони соҳаи маорифу илм ва фарҳангу варзиш ба миқдори 20%, кормандони бахши иҷтимоӣ - 25%, нафақа - 20%, стипендияҳо - 30% боло бурда шуда, маоши ҳадди ақал аз 250 сомонии ҳозира то 400 сомонӣ (60%) меафзояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста