Зимни вохӯрӣ бо журналистон намояндаи ваколатдори ҳукумат дар вилояти Ботканд Жениш Раззоқов изҳор доштааст, ки 75%-и зардолуи ин вилояти Қирғизистонро тоҷикистониён барои коркарди минбаъда мехаранд.
Бино ба иттилои хабаргузории ИА 24.kg , номбурда гуфтааст, дар вилояти Ботканд дар як сол 20 ҳазор тонна ҳосили зардолу ба даст оварда шуда, вале бинобар сабаби дар сатҳи рушди кофӣ қарор надоштани саноати коркард дар ин соҳа, қисмати зиёди он дар шакли ашёи хом ба хориҷи кишвар бароварда мешавад.
«Мутаассифона, мо соҳибкороне надорем, ки миқдори зиёди коркарди хушкмеваро мунтазам ба роҳ монанд», - иброз доштааст ӯ.
Ба қавли ӯ, ҳукумати вилоят бо дастгирии ЮСАИД барои ду соҳибкор аз Туркия таҷҳизоти шустушӯ, навъбандӣ ва ҷобаҷокунии хушкмеваро харидорӣ намуда, вале онҳо имрӯз барои роҳандозии фаъолият ва рушди он, воситаҳои гардиш надоштаанд ва аз ин рӯ, ҳаҷми коркарди маҳслоти онҳо аз 5 тонна зиёдтар нест.
«Супермаркетҳои Русия ба харидории маҳсулоти мо омодаанд, вале ба онҳо давоми тамоми сол 100 тонна ҳар моҳ маҳсулот пешниҳод кардан зарур аст. Як соҳибкор аз уҳдаи иҷрои ин кор намебарояд, зеро ба онҳо воситаҳои гардиш намерасад», - гуфтааст ӯ.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки онҳо бо тоҷирони рус ҷиҳати дар маҳалҳо коркард шудани хушкмева тавофуқ ҳосил кардаанд, то ки он ба бозорҳои Русия равона гардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста