То соли 2030 ҳаҷми сармоягузории Русия ба низоми таъминот бо гази Қирғизистон 100 млрд. рубл (беш аз 1,5 млрд. доллари ИМА бо қурби 07.06.2016 сол)-ро ташкил хоҳад дод.
Зимни имзои созишномаи дахлдор дар ин хусус нахуствазири Русия Дмитрий Медвевлев гуфтааст, сеяки маблағи ин сармоягузорӣ аллакай давоми ду соли наздик сурат мегирад. «Ин иқдом ба беҳбуди назарраси сатҳи таъминоти ҷумҳурӣ бо газ мусоидат мекунад», - иброз доштааст ӯ.
Қобили зикр аст, ки Русия таҳвилгари асосии маҳсулоти нафтӣ ва гази моеъ ба Қирғизистону Тоҷикистон ба шумор меравад. Русия ва Қирғизистон ҳамасола тавозуни индикативии сӯзишвориро дар ҳаҷми 1 млн. тонна ба имзо мерасонанд. Соли 2016 низ ҳаҷми воридоти сӯзишвории бидуни пардохти боҷи содиротӣ дар ҳамин сатҳ боқӣ монд.
Бо Тоҷикистон низ Русия тавозуни индикативии сӯзишвориро барои соли 2016 ба имзо расонид, ки ҳаҷми он чун соли гузашта 830 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад, аммо соли 2015 аз ин ҳаҷм Тоҷикистон ҳамагӣ 560 ҳазор тонна сӯзишвории Русияро ворид кард.
Соли 2014 бошад, Русия ва Тоҷикистон дар бораи содироти 1 млн. тонна сӯзишворӣ бидуни пардохти боҷи содиротӣ аз Русия тавофуқ ҳосил намуда буданд, лекин ба Тоҷикистон ворид намудани ҳамагӣ каме бештар аз нисфи ин ҳаҷм муяссар гардид ва аз ин рӯ, давоми солҳои 2015-2016 ин ҳаҷм ба андозаи 20% кам карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста