Дар шаҳри Душанбе семинари миллӣ оид ба муқоиса намудани қонунгузории амалкунандаи гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бандҳои Конвенсияи Киотои аз таҷдиди назар гузашта ба кор шурӯъ намуд, ки дар рафти он мутахассисони миллии Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самтҳои назорати гумрукӣ, барасмиятдарории гумрукӣ, батанзимдарории тарифӣ, таъмини ҳуқуқӣ ва идораи ҳавфҳо ширкат меварзанд.
Семинар дар чорчӯбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо “Мусоидат ба идораи сарҳадот дар Осиёи Марказӣ” (БОМКА) ташкил гардидааст.
Дар давоми чорабинии серӯза коршиносони даъватшуда аз Иттиҳоди Аврупо ҳамроҳи гумрукчиёни тоҷик меъёрҳои байналмиллалӣ ва принсипҳои назорати босамари гумрукиро мутобиқи Конвенсияи такмилгардидаи Киото ва хусусан масоили назорати гумрукиро дар нуқтаҳои убури сарҳад, барасмиятдарории моли содиротиву воридотӣ, ва пардохти боҷу андозҳои гумрукиро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод. Дар натиҷаи семинари мазкур гузориш аз муқоисаи қонунгузорӣ бо тавсияҳо омода мегардад, ки мутобиқати қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо бандҳои Конвенсияи такмилгардидаи Киото шарҳ хоҳад дод.
Нахустин чорабиниҳои барномаи БОМКА дар Осиёи Марказӣ соли 2003 оғоз гардида то ба имрӯз шарикӣ байни барнома ва ҳукуматҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мусоидат ба идораи сарҳадот қавӣ гардидааст. Тӯли солҳои 2003-2014 Иттиҳоди Аврупо барои татбиқи барномаи БОМКА 33,6 млн. евро ҷудо намуда барои амалисозии марҳилаи 9-ум (2015-2018) наздики 5 млн. евро пешбинӣ шудааст. Ҳадафи асосии марҳилаи кунунии барномаи БОМКА ин баланд бардоштани самаранокии идоракунии сарҳад дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки тавассути ҷорӣ намудани унсурҳои пешрафтаи консепсияи Идоракунии ҳамаҷонибаи сарҳад, расонидани кӯмаки техникӣ ба мақомоти дахлдор дар рушд ва ислоҳоти сиёсати муҳоҷират, мусоидат ба амалишавии сиёсати осонгардонидани савдои қонунӣ, мукаммал намудани иқтидори хадамотҳои ҳифзи сарҳад ва муҳоҷират амалӣ хоҳад гашт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста