Дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ҳамаи дигар корхонаву ташкилотҳо бештар аст.
Ҳамагӣ дар рӯйхати Кумитаи андоз 49 корхонаву ташкилотҳои қарзашон бузург зикр шудаанд, ки миёни онҳо КВД «Алюминсохтмон» бо маблаги қарзи - 15,6 млн. сомонӣ, ҶСК «Ресанда» - 12,7 млн. сомонӣ, ҶСП «Оби Зулол» - 8,7 млн. сомонӣ, ҶСК «НБО Сангтӯда-1» - 7,7 млн. сомонӣ ва «Востокредмет» - 6,3 млн. сомонӣ ҳузур доранд.
Ғайр аз ин, дар бахши хусусӣ аз ҳама бештар ҶСП «Евразия» (4,1 млн. сомонӣ) ва КМ «Петролеум Суғд» (3,1 млн. сомонӣ) аз пардохти андоз қарздоранд.
Миёни операторони мобилӣ ва ширкатҳои фарҳамсози Интернет қарзи ҶСП «Вавилон мобайл» аз пардохти андоз - 2,7 млн. сомонӣ, ҶСП «ТК-мобайл» - 273,4 ҳазор сомонӣ, «Сатурн онлайн» - 2,6 млн. сомонӣ ва «Телеком техноложи» - беш аз 1 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Аз пардохти андоз «Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе» - 2,2 млн. сомонӣ ва «Фурудгоҳи байнулмилалии Қӯрғонтеппа» - 693,7 ҳазор сомонӣ қарздоранд.
Гуфта мешавад, дар рӯйхати қарздорон аз пардохти андоз беш аз 50 корхонаву ташкилот ва ширкатҳо, соҳибкорони хусусӣ ва андозсупорандагони бузург ҳузур доранд, ки маблағи қарзи ҳар кадоме аз онҳо беш аз 200 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста