Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо котиби генералии Созмони умумиҷаҳонии туристӣ (СУТ) Толиб Рифоӣ мулоқот карда, дар вохўрӣ масоили рушди равобити дуҷонибаи Тоҷикистон бо ин созмони ҷаҳонӣ дар соҳаи сайёҳӣ баррасӣ шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , Толиб Рифоӣ аз рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон, хусусан соҳаи сайёҳӣ изҳори хушнудӣ карда, изҳор дошт: «Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии туристӣ мақоми шоиста ва ҳамчун кишвари афсонавии сайёҳӣ дар дили роҳбарияти созмон ҷойгаҳи хоссаи худро дорад»
Тавре таъкид гардид, дар солҳои охир аз ҷониби роҳбарияти сатҳи олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои беҳбудӣ бахшидани соҳаи сайёҳӣ тадбирҳои шоиста анҷом дода шуда, дар ҳамин замина нишондиҳандаҳои рушди соҳа батадриҷ боло рафтаанд.
Дар мулоқот аз ҷониби Тоҷикистон даъват ба амал оварда шуд, ки ҷиҳати муаррифии бештари имконоти сайёҳӣ дар соли 2017 баргузории як конфронси байналимлалӣ дар соҳаи сайёҳӣ ба нақша гирифта шавад.
Хотиррасон бояд кард, ки соли 2017 дар қаламрави сайёра Соли байналмилалии туризм эълон шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста