Бинобар сабабаи пурра пардохт нашудани маблағи истифодаи нерӯи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик», қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» аз пардохти андоз афзуда, ба санаи 1 апрели соли равон 7,7 млн. сомониро ташкил медиҳад.
Дар ҳамин ҳол, қарзи ширкати «Барқи тоҷик» ба нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ба ҳолати 1 июни соли ҷорӣ ба 627,5 млн. сомонӣ баробар аст.
«Қобили зикр аст, ки мувофиқи уҳдадориҳои ба зимма гирифтаи «Барқи тоҷик» дар сатҳи байниҳукуматӣ, шурӯъ аз соли 2016 ширкат ба пардохти пурра ва саривақтии истифодаи нерӯи барқи истифодакарда аз нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» уҳдадор шуд, аммо дар зарфи 5 моҳи соли равон сатҳи пардохти маблағи нерӯи барқ аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» ҳудуди 39%-ро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин аз соли 2009 аст», - хабар доданд аз хадамоти матбуоти нерӯгоҳи «Сангтӯда-1».
Дар ҳамин ҳол шарҳ дода шуд, ки мутобиқи тавофуқи ҷонибҳои Русия ва Тоҷикистон дар мавриди қарз аз андоз, Кумитаи андози Тоҷикистон нисбати пардохти ин қарз чораҳои маҷбурӣ истифода намекунад.
Қаблан дар ин робита иттилоъ дода будем , ки дар рӯйхати навшудаи Кумитаи андози Тоҷикистон барои семоҳаи аввали соли 2016 қарзи ширкати «Барқи тоҷик» 184,9 млн. сомониро ташкил дода, аз ҳамаи дигар корхонаву ташкилотҳо бештар аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста