Олимони Тоҷикистон бо кумаки ҳамтоҳои қазоқ ва аврупоии худ истеҳсоли кремнии «сифати офтобӣ»-ро дар Тоҷикистон ба роҳ монданианд.

Директори Муассисаи давлатии илмии «Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нав»-и Академияи илмҳои ҶТ Мамадшо Илолов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ояндаи наздик имзои лоиҳа-консорсиум оид ба роҳандозии истеҳсоли кремнии «сифати офтобӣ» дар ҷумҳурӣ ба нақша гирифта шуда, барои амалисозии он олимони қазоқу бритониёӣ ва норвегӣ низ саҳм мегузоранд.

«Мо аз ашёи хоми маҳаллӣ таркибҳои офтобӣ ба даст оварданием, ки аз онҳо минбаъд метавон батарея ва панелҳои офтобӣ истеҳсол кард. Ҳадафи мо дар он ифода меёбад, ки оянда аз захираҳои ашёи хоми маҳаллӣ ба бунёди нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ муваффақ гардем», - гуфт М.Илолов.


Номбурда таъкид дошт, ки Тоҷикистон аз радиатсияи офтобӣ хеле бой аст. «Ба истилоҳи дигар дар мо то 300 рӯзи офтобӣ мавҷуд аст, ки яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин дар миқёси ҷаҳон мебошад», - иброз дошт олим.

Ба андешаи ӯ, ояндаи энергетикаи офтобии Тоҷикистон ба то чӣ андоза аз захираҳои маҳаллӣ, пеш аз ҳама захираҳои бузурги квартс  истифода карда тавонистани кишвар вобаста аст. «Мо онҳоро бояд дар истеҳсоли таркибҳои офтобӣ дар индустрияи худӣ истифода барем, вагарна энергияи офтобӣ барои мо хеле гарон хоҳад буд», - мегӯяд ӯ.


М.Илолов қайд кард, ки ҳамаи андешаҳои ба ин монанд, технология ва намунаҳои саноатӣ инноватсия мебошанд. «Мушкилӣ дар шароити Тоҷикистон дар он аст, ки алҳол мо фарҳанги рушдёфтаи инноватсионӣ надорем, ҳарчанд дар ин самт қонунгузории дахлдор тасдиқ шуда, вале ҳамааш рӯи коғаз боқӣ мемонад, зеро дар мо фаҳмиши  мувофиқи иннноватсия вуҷуд надорад», - зикр кард ӯ.

Дар идома олим изҳор кард, ки аз ҳамтоҳои аврупоӣ барои ташкили тренинг, ки имрӯз дар Душанбе ба кор шурӯъ намуд, кумак дархост шуда, дар ин чорабинии дурӯза мутахассисони муваффақи аврупоӣ, ҳамтоён аз Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон, ҳамчунин кормандони марказҳои илмии ҷумҳурӣ иштирок мекунанд.

Зимнан таъкид шуд, ки ҳадафи аслии баргузори тренинг шарҳу тавзеҳи масоили инноватсия ва ба тиҷорат мутобиқ кардани чанде аз корҳои илмӣ аст. «Тренинг дар доираи консорсиум таҳти унвони «Шабакаи ҳамкории байнулмилалӣ дар соҳаи илм ва технология ва инноватсия миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ» баргузор мешавад», - илова кард М.Илолов.