Раиси Бонки авруосиёии рушд Дмитрий Панкин ба нашрияи «Известия» изҳор доштааст , ки барои Тоҷикистон ҷудо гардидани 40 млн. доллари ИМА қарз аз Фонди авруосиёии субот ва рушд (қаблан Фонди зиддибуҳронии ЕврАзЭС) маъқул шуморида шуд.
Коршиносон аз эҳтимол дур намедонанд, ки дар партави тақвияти таъсири Чин ба Тоҷикистон, ин қарз барои раванди ҳамгиройии Тоҷикистон ба Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) далелу ваҷҳи муҳим шуда метавонад.
Нашрия менависад, ҷудо гардидани қарз дар ду қисмат бо 20 млн. пешбинӣ шуда, аллакай ояндаи наздик Тоҷикистон қисмати аввалро дастрас карда метавонад.
Қобили зикр аст, ки айни замон Чин яке аз шарикони асосии Тоҷикистон маҳсуб ёфта, сол то сол таъсираш ба ин кишвар меафзояд. Соли гузашта қариб 60%-и сармоягузориҳои мустақим ба Чин рост омада, ҳиссаи Русия ҳамагӣ ҳудуди 8% (35 млн. доллари ИМА)-ро ташкил дод.
Муовини директори Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти Тоҷикистон Сайфулло Сафаров бар ин назар аст, ки ҷудо гардидани қарз барои суботи низоми молиявӣ яқинан ташаббуси Русия ва маҳз дар доираи раванди ҳамгиройӣ аст.
«Маскав хостори ҳарчи зудтар узви нави Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) шудани Тоҷикистон буда, ба ҳар гунае ҷудо шудани 40 млн. доллари ИМА қарз иқдоми мусбат аст. Дар Душанбе ин иқдомро арҷгузорӣ мекунанд ва дар маҷмӯъ ба андешаи пайвастан ба Иттиҳоди иқтисодии авруосиёӣ (ЕАЭС) дар Тоҷикистон назари мусбат вуҷуд дорад, - иброз доштааст андешаи худро Сайфулло Сафаров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста