“Спитамен Бонк” ба барномаи баланд бардоштани саводнокии молиявӣ дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳамроҳ гардид. Барномаи мазкур аз тарафи Корпоратсияи байналмиллалии молиявӣ ба роҳ монда шуда, бо дастгирии ҳукумати Швейтсария (SECO) ва бо шарикии институтҳои молиявӣ амалӣ мегардад.
Созишнома аввали июни соли 2016 ба имзо расид. "Ин барномаи хеле зарур ва муҳимест, ки барои баланд бардоштани сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ мусоидат карда, сабаби баландшавии некӯаҳволии онҳо, ташаккулёбии маҳсулоту хизматрасониҳои ташкилотҳои молиявӣ мешавад ва ба қадри имкон, ба рушди иқтисодиёти мамлакат имдод мекунад”, - гуфт Раиси Раёсати “Спитамен Бонк”, Ниёзмурод Саидмуродов.
Дар чаҳорчӯбаи созишнома “Спитамен Бонк” чорабиниҳои гуногун, ки барои баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ равона мешаванд, хоҳад гузаронид.
Созишномаи мазкур яке аз қисмҳои барномаи умумии “Спитамен Бонк” доир ба баландбардории сатҳи саводнокии молиявии аҳолӣ буда, аз баҳори соли 2016 амал мекунад ва се самти асосиро дар бар мегирад:
1. Баландбардории саводнокии молиявии аҳолии баркамол.
2. Баландбардории саводнокии молиявии донишҷуён.
3. Баландбардории саводнокии молиявии талабагони синфҳои боло.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста