Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ ҷаласаи муҳокимаи ошкорои парламентӣ баргузор гардид, ки дар он масоили амалисозии қонун «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» баррасӣ шуд.
Дар ҷаласа ба ҷуз вакилони мардумӣ, ҳамчунин вазири кишоварзӣ Изззатулло Сатторӣ, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, сартабиби санитарии ҷумҳурӣ Наврӯз Ҷаъфаров, директори Агентии «Тоҷикстандарт» Ибодулло Қурбониён ва дигар намояндагони вазорату идораҳои дахлдори кишвар ширкат варзиданд.
Бино ба иттилои сомонаи расмии палатаи поёнии парлумон, вобаста ба масъалаи баррасишаванда ва ба хотири дар сатҳи баланд доир намудани муҳокимаи парламентӣ, гурӯҳҳои кории махсуси таъсисёфта бо шароити корӣ ва ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории корхонаҳои истеҳсолии ватанӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар шинос шуданд.
Гуфта мешавад, дар ҷараёни ин сафар дар масъалаи риояи меъёрҳои технологияҳои истеҳсол ва нигаҳдории маҳсулоти хӯроквории тайёр як қатор номувофиқатиҳо ошкор карда шудаанд. Миёни «қонуншиканон» ҶДММ «Комбинати панири шаҳри Душанбе» номбар шудааст, ки дар он камбудиҳои сершумор дарёфт гардидааст.
Зимнан зикр мегардад, ки аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо дарназардошти таклифу пешниҳод ва эродҳое, ки дар маърӯзаву баромадҳо зикр гардиданд, қарор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста