Мутобиқи моддаи 42-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 14 ва 21-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ташкилотҳои маблағгузории хурд” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) аз 22 июни соли 2016, бинобар иваз шудани номи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” ба ҶДММ ТАҚХ “Фардо”, ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди “Фардо” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ иҷозатнома дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, иҷозатномаи мазкур ба ташкилоти номбурда ҳуқуқ медиҳад, ки дар фаъолияти худ ба ҷалби амонату пасандозҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, додани қарзи хурд, кушодану пешбурди суратҳисобҳои бонкӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ бо фармоиши муштариён, додани кафолат, қарордодҳои форвардӣ ва своп барои худ, амалиёти кассавӣ, амалиёти ҳисоббаробаркуниву мубодилавӣ ва барориши кортҳои пардохтии бонкӣ ва амалиёт бо онҳо машғул шавад.
Қобили қайд аст, мутобиқи қарори зикргашта иҷозатномаи ҶДММ ТАҚХ “Музаффарият” аз 3 декабри соли 2012 беэътибор хонда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста