Нимаи дуюми рӯзи 23 июн дар шаҳри Тошкент дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳусайн мулоқот кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо итминон иброз дошт, ки муносибот дар доираи Созмони ҳамкории Шанхай имкониятҳоро баҳри густариши ҳамкории судманд ва созандаи бисёрҷонибаю минтақавии давлатҳо афзуну фарохтар хоҳад гардонд.
Сарони давлатҳо инчунин ҷонибдории худро оид ба рушду тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг, ки то имрӯз ба таври матлуб ба роҳ монда шудааст, баён намуданд.
Масъалаи васеъ намудани доираи ҳамкории Тоҷикистону Покистон дар бахшҳои муҳими энергетика ва нақлиёту транзит, ки дорои аҳамияти минтақавӣ мебошанд, баррасӣ гардида, оғози сохтмони лоиҳаи минтақавии сохтмони хатти баландшиддати интиқоли неруи барқи СASA-1000 дар ҳудуди Тоҷикистон дар таърихи муносибатҳои ҳамкорӣ руйдоди муҳим маънидод карда шуд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки бо истифода аз зарфиятҳои бузурги мавҷуда имкон аст, ҳаҷми мубодилаи тиҷоратӣ солҳои наздик то ба 500 миллион доллари амрикоӣ расонда шавад.
Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои мубрами ҷомеа, муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ карда шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста