Зимни ҷаласаи Раёсати Шӯрои кории Созмони ҳамкории Шанхай дар доираи ҷаласаи 15-уми ҷашнии сарони кишварҳои Созмон дар шаҳри Тошканд, рӯзи 23 июн миёни Палатаи савдо ва саноати Русия ва Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон (ПСС ҶТ) Ёддошт оид ба таъсиси Шӯрои кории Тоҷикистону Русия ба тасвиб расид, ки зери ин санад роҳбарони Палатаҳои ҳарду кишвар Шариф Саид ва Сергей Катирин имзо гузоштанд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ПСС ҶТ, ҷонибҳо нақши Шӯрои кории «Тоҷикистон - Русия»-ро дар роҳандозии муколамаи пурсамар миёни ширкатҳои манфиатдор ва корхонаҳои ҳарду кишвар бо мақсади рушди минбаъдаи робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва ҳамкориҳо дар бахши сармоягузорӣ таъкид намуданд.
Бо назардошти вазифаҳои гузошташуда, солҳои наздик дар фаъолияти Шӯрои корӣ ба амалисозии лоиҳаҳои дуҷониба бо ҷалби сохторҳои манфиатдори давлатӣ ва тиҷоратии кишварҳо дар бахшҳои афзалиятноки иқтисод - гидроэнергетика, саноати истихроҷи кӯҳӣ, мошинсозӣ, металлургия, индустрияи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ ва коркард, комплекси агросаноатӣ, нақлиёт, телекоммуникатсия ва алоқа, ҳамкории илмиву техникӣ, маориф, туризм ва тандурустӣ бартарӣ дода мешавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста