Вакилони палатаи поёнии парлумон дар ҷаласаи имрӯза аз тағйироту иловаҳои аз ҷониби президенти мамлакат пешниҳодшуда ба қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2016» ҷонибдорӣ намуданд.
Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала муовини аввали вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Каримзода қайд кард, ки мутобиқи тағйирот, маснӯоти заргарии аз хориҷи кишвар воридшуда аз пардохти андозҳо ба арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. «Айни замон ҳаҷми андоз ва боҷ аз маснӯоти тилло ва нуқра аз 40 то 52 фоиз аз арзиши умумии ин маснӯоти воридшударо ташкил медиҳад», - иброз дошт муовини вазир.
Тадбири мазкур, ба андешаи Ҷ.Каримзода, ба пешгирии қочоқи воридоти маснӯоти заргарӣ ба кишвар, муомилоти коррупсионӣ дар ин самт, ҳимояи бозор аз маснӯоти пастсифати заргарӣ ва аз байн бурдани бозорҳои пасипардагии савдои ҷавоҳирот нигаронида шудааст.
«Тӯли 9 моҳи соли 2015 танҳо тариқи хатсайри мустақими ҳавоӣ аз Туркия ба Тоҷикистон беш аз 700 кило маснӯоти заргарӣ ворид шудааст, ки воридоти ҳамагӣ 15 килояш бо роҳи қонунӣ, яъне пардохти ҳамаи андозу боҷҳо сурат гирифта, зиёни мустақими ба давлат расида аз ин амал ҳудуди 6 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад», - гуфт ӯ.
Дар идома ӯ таъкид дошт, ки зиёда аз 97,5%-и бозори хариду фурӯши маснӯоти заргарии Тоҷикистон дар ихтиёри истеҳсолкунандандагони кишварҳои хориҷӣ аст. «Минбаъд воридкунандагони маснӯоти заргарӣ ба ивази андозу боҷҳои зикршуда боҷи ягонаи махсуси гумрукиро пардохт мекунанд, ки ҳаҷми он барои воридоти 1 грамм маснӯоти тилло - 18 сомонӣ ва 1 грамм маснӯот аз нуқра - 3,6 сомониро ташкил медиҳад», - афзуд номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста