Ширкати Salini Impregilo S.p.A. ба корҳои лоиҳакашӣ ва бунёди сарбанди нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар Тоҷикистон машғул хоҳад шуд.
«Дар ҷаласаи навбатии рӯзи 27 июни Комиссия оид ба баргузории тендерҳо (музоядаҳо)-и байнулмилалии сохтмони иншооти НБО Роғун ширктаи итолиёвии Salini Impregilo S.p.A. миёни довталабони тендери байнулмилалии «Дар бораи лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО Роғун (лоти 2 - «Сохтмони планта») ғолиб дониста шуд», - гуфта мешавад дар хабари ҶСК «НБО Роғун».
Зикр мегардад, ки Salini Impregilo S.p.A. яке аз ширкатҳои маъруфтарини ҷаҳон оид ба сохтмони иншооти гидроэнергетикӣ маҳсуб меёбад.
Ёдрас мекунем, ки сохтмони сарбанди нерӯгоҳи Роғун бинобар назари мухолифи ҳукуматдорони Ӯзбекистон муддати солҳои зиёд ба таъхир афтода буд. Дар Ӯзбекистон доир ба эҳтимоли рахна шудани сарбанд ҳангоми заминларза ҳарф мезананд. Аммо ташвишҳои кишвари ҳамсояро дар Тоҷикистон бепоя хонда, изҳор медоранд, ки дар кишвар дигар нерӯгоҳҳои барқи обӣ бо ҳамин навъи сарбанд фаъолият доранд, ки устувории худ нисбати заминларзаро тӯли даҳсолаҳо собит сохтанд.
Қобили зикр аст, ки соли 2012 таҳти сарпарастии Бонки ҷаҳонӣ корҳои ташхиси лоиҳаи нерӯгоҳи Роғун оғоз гардида, соли 2014 ба итмом расиданд.
Дар «Арзёбии фанниву иқтисодии лоиҳаи НБО Роғун», ки аз ҷониби ширкатҳои «Coyne & Bellier», «Электроконсалт» ва «Energy+Water Economics» таҳия шуд, зикр мегардад, ки «майдони интихобшудаи сохтмон барои нерӯгоҳи Роғун ҳарчанд аз нигоҳи сейсмикӣ мушкил бошад ҳам, барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ муносиб аст».
Коршиносони байнулмилалӣ қайд карданд, ки интихоби беҳтарин аз лиҳози фоиданокии иқтисодӣ бунёди сарбанди баландиаш 330 метр мебошад, ки ба нерӯгоҳи Роғун барои истеҳсоли то 3600 мегаватт/соат нерӯи барқ имкон медиҳад. «Дар ин сурат нерӯгоҳ 115 сол барои Тоҷикистон фаъолият хоҳад кард», - қайд карданд коршиносон.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста