Зимни вохӯрӣ бо ҳайати бонуфузи аъзои Шӯрои мудирони Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамолиддин Нуралиев изҳор дошт, ки имрӯз Тоҷикистон барои амалӣ намудани ислоҳоти нишонрас дар низоми бонкиии кишвар ба дастгирии амиқ ва назарраси БАТР ниёз дорад.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, дар ҷараёни мулоқот Ҷ. Нуралиев ҳамсуҳбатонро бо вазъи феълии нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва молиявии ҷумҳурӣ, бахусус фаъолияти низоми бонкӣ ошно намудааст.
«Дар ҷараёни буҳрони саросарии ҷаҳонӣ бахши молиявӣ ва бештар аз ҳама бахши бонкӣ халалпазир гаштааст. Дар робита ба ин, баъзе бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ ба баъзе мушкилот рӯ ба рӯ шуда истодаанд. Маҳз барои ҳамин моро зарур аст, ки дар баъзе ташкилотҳои қарзӣ ислоҳот гузаронем», қайд кардааст ӯ.
Ҷамолиддин Нуралиев мудирони ин бонки машҳури аврупоииро ба ҳамкории зичу самаровар даъват намуда, аз онҳо хоҳиш кард, ки дар ҷаласаҳои навбатии Шӯрои мудирони БАТР пешниҳодҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастгирӣ намоянд.
Мудири БАТР аз Лаҳистон, Булғория ва Албания Збигниев Хокуба дар навбати худ зикр кардааст, ки имрӯз дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёди БАТР марбут ба рушд, ташкили ҷойҳои нави корӣ, инфрасохтор, таҳкими идораи корпоративӣ дар бонкҳо амалӣ шуда истодаанд.
«БМТ бо мақсади рушди низоми бонкӣ бо идораҳои гуногуни БАТР, ташкилотҳои молиявии байналхалқӣ ҳамкории зич дорад. Шумо, воқеан ҳам дуруст гуфтед, ки мо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бояд якҷоя амал намоем ва дар ин ҷода аъзои Шӯрои мудирони БАТР кӯшиш ба харҷ хоҳанд дод», - иброз доштааст номбурда.
Дар машварати зикршуда мудирони дигари БАТР низ иброз кардаанд, ки Тоҷикистон бешубҳа сазовор аст, ки дар ин давраи буҳронӣ ба он кумакӣ иловагӣ пешниҳод карда шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста