Дар шаҳри Душанбе рӯзи 8 июл доир ба баррасии гузориши «Арзёбии таъсири экологӣ ва иҷтимоӣ ва Нақшаи идоракунии муҳити зист», ки барои лоиҳаи барқарорсозӣ ва беҳбуди ҳолати бехатарии сарбанди нерӯгоҳи Роғун омода шудааст, вохӯрии машваратӣ доир мегардад, ки аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик дар ҳамдастӣ бо ТҶ «Кӯҳистон» созмон дода мешавад.
Аз ТҶ «Кӯҳистон» ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки ин чорабинӣ бо ҷалби намояндагони ҳукуматҳо ва гурӯҳҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ бо мақсади таъмини тамоми шароитҳои зарурии воқеъӣ будани ҳуҷҷати мазкур, ҳамчунин мутобиқати он ба меъёрҳои байнулмилалии техникӣ ва инъикоси маълумоти бадастомада дар ҷараёни машварат гузаронида мешавад.
«Ҳисоботи пешакӣ аз ҷониби Tractebel Engineering (ширкати Бельгия, ки ба гурӯҳи «GDF Suez» шомил аст) омода шуда, аммо шакли ниҳоии ҳисоботҳо танҳо баъди дастрас шудан ва омӯзиши дақиқи шарҳу тавзеҳҳои шахсони манфиатдори намояндагони сохторҳои давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ омода мешаванд», - гуфта мешавад дар маълумот.
Ёдрас мекунем, ки Ширкати Salini Impregilo-и Италия ният дорад , ки аллакай соли 2018 ду агрегати нерӯгоҳи барқи обии «Роғун»-ро мавриди истифода қарор диҳад.
«Турбинаи аввал бояд моҳи августи соли 2018 ба истифода дода шуда, сипас моҳи октябри ҳамин сол мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани турбинаи дуюм ҳам дар назар аст», - қайд мешавад дар маводи рӯзи 6 июл чопшудаи маҷаллаи ширкати Salini Impregilo.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста