Дар рейтинги самаранокии логистика (масоили тадорукот)-и Бонки ҷаҳонӣ тӯли 2 сол Тоҷикистон 39 зина мавқеъашро аз даст дод.
Дар Индекси самаранокии логистика (Logistics Performance Index)-и Бонки ҷаҳонӣ осон будани амалисозии интиқолу бору маҳсулот ва ҳолати логистикаи савдо дар сатҳи миллӣ ва байнулмилалӣ ба инобат гирифта мешавад. Нишондиҳандаи самаранокии кори занҷираҳои ҳамлу нақл дар тиҷорати байнулмилалӣ санҷида ва ҳар ду сол (солҳои 2007, 2010, 2012, 2014 ва 2016) ба он баҳогузорӣ мешавад.
Дар Индекси самаранокии логистика-2016 миёни 160 кишвари саросари ҷаҳон Тоҷикистон зинаи 153-юмро касб кардааст. Дар рейтинги соли 2014 Тоҷикистон дар мақоми 114-ум қарор дошт.
Дар соли нахусти раддабандӣ, яъне соли 2007 - Тоҷикистон зинаи 146-ум, рейтинги соли 2010 - мақоми 131-ум, рейтинги соли 2012 - ҷойи 136-умро ишғол намуда буд.
Кишварҳои пешсафи рейтинги мазкур дар соли 2016 Олмон, Люксембург, Шветсия, Нидерланд ва Сингапур мебошанд.
Миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мақоми баландро Қазоқистон (зинаи 77-ум) касб карда, Ӯзбекистон дар зинаи 118-ум, Туркманистон - 140-ум ва Қирғизистон - дар мақоми 146-ум қарор гирифтаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста