Аз ҳарду тарафи гузаргоҳи сарҳадии «Қулма» дар марзи Тоҷикистону Чин ояндаи наздик минтақаи савдои озод фаъол мешавад.
Худойбердӣ Холиқназар, директори Маркази тадқиқоти стратегӣ (МТС)-и назди президенти Тоҷикистон зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки айни замон аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ фаъолона дар ин самт талош варзида, чиниҳо дар қаламрави худ аллакай терминал бунёд кардаанд, ки тадриҷан бо маҳсулоту борҳои гуногун ғанӣ шуда истодааст. «Дар қаламрави мо низ дар ноҳияи Мурғоб бунёди чунин терминал дар назар аст», - иброз дошт роҳбари МТС.
Ӯ қайд кард, ки баъди бунёди ин минтақаи савдои озход ба соҳибкорони тоҷик дигар лозим намеояд, ки маблағу вақти зиёдро сарф ва масофаи тӯлониро тай намуда, ба шаҳрҳои Қошғару Урумчӣ раванд.
«Дар ин минтақа дарёфти тамоми номгӯи бору маҳсулоте, ки маъмулан соҳибкорони мо онҳоро мехаранд, имконпазир хоҳад шуд. Илова бар ин, низоми электронии савдо ҳам роҳандозӣ мешавад ва соҳибкор пешакӣ тариқи интернет ҳама гуна маҳсулотро фармоиш дода, он дар фурсати наздиктарин ба терминал оварда мешавад», - шарҳ дод номбурда.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста