“Спитамен Бонк дар доираи 130 рӯзи ободонӣ бахшида ба 25- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаввораи маркази шаҳри Душанберо таъмир кард. Фонтан дар назди бинои филиали бонк воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 70 ҷойгир шудааст.
Акнун ҳангоми сайругашт дар хиёбони марказии пойтахт бо манзараи боз як фаввораи, хурд ҳам бошад, вале зебое, ки мунтазам кор мекунад, ҳаловат бурдан мумкин аст.
“Мо на танҳо кори фаввораро барқарор намудем, балки қисми берунии бинои филиаламонро низ таъмир кардем. Пайравии принсипҳои масъулияти иҷтимоии корпоративӣ яке аз муҳимтарин омилҳои фаъолияти “Спитамен Бонк” мебошад, бинобар ин, мо ҳамеша кӯшиш менамоем, то барои рушди давлат ва ҷамъият ҳиссагузор бошем” - иттилоъ дод и.в. директори филиал Маъруф Холов.
ҶСП “Спитамен Бонк” яке аз бонкҳои муваффақи кишвар буда, дар фаъолияти худ манфиатҳои мамлакатро ба инобат гирифта, тадбирҳои баланд бардоштани сифати ҳаёти ҷомеаро меандешад, ки мутобиқи принсипҳои масъулиятнокии иҷтимоии корпоративӣ мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста