Мудири Пажӯҳишгоҳи иқтисод ва демографияи Академияи илмҳои Тоҷикистон Лутфулло Саидмуродов зимни нишасти хабарии имрӯза изҳор намуд, ки таъсири омилҳои беруна ба иқтисоди Тоҷикистон то соли 2019 идома меёбад.
Ба қавли номбурда, ин тамоил айни замон низ ҷараён дошта, солҳои 2018-2019 низ идома меёбад. «Мутобиқи ин пешгӯиҳо, мо пешниҳод кардем, ки суръати афзоиши иқтисоди ҷумҳурӣ дар сатҳи 6-7% нигоҳ дошта шавад ва дар ин сурат мо метавонем худро аз таъсирҳои манфӣ ҳимоя кунем», гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, Л.Саидмуродов бобати кай ба авҷи худ расидани буҳрони иқтисодӣ дар Тоҷикистон маълумоти саҳеҳ надод.
Ёдрас мекунем, ки тибқи пешгӯии Бонки ҷаҳонӣ дар моҳи июни соли равон, ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон дар соли равон - 4% ва соли оянда - 4,5% пешбинӣ мешавад.
Дар гузориши худ Бонки ҷаҳонӣ ба рукуди комил дар иқтисоди Русия ишора намуда, таъкид мекунад, ки бинобар сабаби коҳиши ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ аз ҷониби муҳоҷирон аз ин кишвар, иқтисоди кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои пасошӯравӣ осеб диданд.
Бино ба маълумоти «Гузориши рушди Осиё-2016», ки дар Душанбе аз ҷониби Бонки осиёгии рушд муаррифӣ гардид, коҳиши ҳаҷми афзоиши иқтисоди Тоҷикистон соли равон низ идома ёфта, 3,8%-ро ташкил хоҳад дод.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми иқтисоди миллиро дар сатҳи 6,5% пешгӯӣ мекунад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста