Таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҷаласаи Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ доир гардида, дар он масъалаи вобаста ба лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , доир ба масъалаҳои асосии рӯзнома, аз ҷумла вазъи иқтисодӣ, иҷрои қисми даромади буҷети давлатӣ, манбаҳои асосии ҷамъоварии андоз ва имконияти воқеии пардохтпазирии субъектҳои андозсупоранда ва нақшаи дурнамои пардохтҳои гумрукӣ барои солҳои 2017-2019 роҳбарони аввали вазорату идораҳои бахши иқтисодии мамлакат маълумот доданд.
Гуфта мешавад, дар ҷаласа лоиҳаи Нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ, даромади Буҷети давлатии Тоҷикистон ва ҳадди ниҳоии хароҷоти он аз рӯи соҳаҳо барои солҳои 2017-2019 маъқул дониста шуда, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор муваззаф гардиданд, ки бо назардошти таклифу пешниҳодоти аъзои Комиссияи доимоамалкунандаи буҷетӣ лоиҳаи Қарори ҳукумати Тоҷикистонро аз нав такмил дода, барои баррасӣ пешниҳод намоянд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста