Раиси Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҷамшед Нурмаҳмадзода бо ҳайати намояндагии Бонки миллии Швейтсария таҳти роҳбарии раиси бонк Томас Йордан дидору гуфтушунид кард.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти БМТ, зимни мулоқот Ҷамшед Нурмаҳмадзода меҳмононро бо вазъи макроиқтисодӣ, қурби асъор ва ислоҳот дар низоми бонкии кишвар ошно намуда, иброз дошт, ки бо вуҷуди мушкилиҳои давраи буҳронӣ, нишондиҳандаҳои бахшҳои иқтисодӣ ва низоми бонкии Тоҷикистон мусбат арзёбӣ мегарданд.
Гуфта мешавад, дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо оид ба самтҳои гуногуни рушди бахши молия, имкониятҳои мавҷуда ва стратегияи Бонки миллии Тоҷикистон оид ба таҳкими бонкҳо суҳбат намуда, ҷаноби Томас Йордан изҳор дошт, ки ҳадаф аз ташрифи ҳайати расмии Бонки миллии Швейтсария баррасии вазъи низоми бонкӣ ва гузаронидани семинар дар мавзӯи “Вазъи фаромиллии иқтисодӣ ва сиёсати пулию қарзии Бонки миллии Швейтсария” буда, зимни семинар тарафҳо тариқи муколама ва баҳс метавонанд бо дастовардҳои якдигар ошно гашта, табодули таҷриба намоянд.
Зимнан зикр мегардад, ки раиси Бонки миллии Швейтсарияро дар ин сафари расмӣ директори Департаменти сиёсати ҳамкориҳои байналмилалии бонки мазкур Андреа Сивиеро, мушовири масоили сиёсати ҳамкориҳои байналмилалӣ Вернер Ҳерманн, мудири лоиҳаҳои ҳамкории мутақобила Гилберт Хайм ва мушовири калони масоили ҳамкориҳои тарафайни Бонки миллии Швейтсария Надира Хуонкер ҳамроҳӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста