Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Тоҷикистон Вазорати кишоварзии ҷумҳуриро дар носаҳеҳ нишон додани миқдори кишти заминаҳои пахта гунаҳкор медонад.
Раиси Кумита Раҷаббой Аҳмадзода зимни нишасти хабарӣ дар ин робита изҳор кард, ки бо мақсади роҳандозии дурусти кишти пунбадона дар шаҳру навоҳии пахтакор мутахассисони ин ниҳод андозагирии майдони кишти пахтаро мавриди санҷиш қарор дода, аз натиҷаҳои он маълум шудааст, ки бо назардошт кишти такрорӣ, дар ҳудуди 160,6 ҳазор гектар (тибқи маълумоти Вазорати кишоварзӣ - беш аз 166,7 ҳазор гектар ва 7 ҳазор гектар зиёдтар аз соли 2015) пунбадона кишт шудааст, ки дар қиёс бо нишондиҳандахои Вазорати кишоварзӣ беш аз 27 ҳазор гектар ё худ 14,4% камтар аст.
«Ин санҷишҳо баҳри бартараф намудани изофанависӣ, яъне пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ равона гардида буданд», - шарҳ дод Р.Аҳмадзода.
Раиси Кумита қайд кард, ки раҳбарияти кишвар ба афзоиши майдони кишти пунбадона дастур дода буд, зеро бинобар сабаби мавҷуд набудани ашёи хом, корхонаҳои коркарди нахи пахтаи кишвар аз фаъолият бозмемонанд.
«Беш аз 20 чунин корхонаҳо дар вилояти Суғд фаъолият карда наметавонанд ва дар вилояти Хатлону навоҳиии тобеи марказ низ чунин корхонаҳо кам нестанд», - гуфт ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Одинаев А.20 июл, 2016 16:06
Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Чумхурии Тоҷикистон дар асоси супориши Сарвазири Чумҳурии Тоҷикистон вобаста ба бандҳои 2 ва 7 протоколи «№2/22 ҷаласа оид ба мукаммалсозии низоми баҳисобгирии оморӣ дар назди Сарвазири Чумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дуруст ба роҳ мондани кишти пахта дар шаҳру ноҳияҳои пахтакор ченаки назоратии майдони кишти пахта гузаронид. Оид ба кишти ҳаррўза ба Хукумати Чумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал дар мувофиқа бо Вазорати кишовазрӣ ва Агентии омори назди Президенти Чумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Натиҷаи ченаки назоратӣ нишон дод, ки дар ҷумҳурӣ ба ҳолати 13 июни соли 2016 дар якҷоягӣ бо ченаки кишти такрорӣ дар майдони умумии 160596,38 гектар ё 85% кишти пахта гузаронида шудааст, ки нисбат ба дурнамои Вазорати кишоварзии Чумҳурии Тоҷикистон 27345,62 гектар кам мебошад.