Нимсолаи аввали соли ҷорӣ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ҳудуди 73,5 ҳазор тонна (нимсолаи аввали соли 2015 - каме бештар аз 61,1 ҳазор тонна) алюминий содирот шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 12,3 ҳазор тонна ё худ 20% зиёдтар аст.
Сардори Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ Абдуфаттоҳ Ғоиб зимни нишасти хабарии имрӯза дар ин робита изҳор намуд, ки харидори асосии алюминии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ Туркия дониста мешавад, ки ба ҳиссаи ин кишвар беш аз 70,5% (беш аз 52,3 ҳазор тонна) аз ҳаҷми умумии содирот рост меояд.
Тибқи маълумоти Хадамоти гумрук, дар ин давра ҳамчунин алюминии Тоҷикистон ба Тайван дар ҳаҷми беш аз 16,5 ҳазор тонна, Эрон - зиёда аз 4,1 ҳазор тонна, ҷазираҳои Вирҷиния - 288,2 тонна, Ӯзбекистон - 133 тонна ва Покистон - наздики 30 тонна интиқол дода шудааст.
Қобили зикр аст, ки соли гузашта Тоҷикистон ба хориҷи кишвар қариб 131 ҳазор тонна алюминий содирот кард, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи соли 2014 ба миқдори 6 ҳазор тонна бештар мебошад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста