Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон тӯли 6 моҳи соли ҷорӣ 21 млрд. 979,3 млн. сомонӣ (ҳудуди 2,8 млрд. доллари ИМА)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нархҳои қиёсии ҳамин давраи соли гузашта 6,6% зиёдтар аст.
Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар сохтори ММД-и кишвар дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ 16,8% - ба ҳиссаи савдо, таъмири автомобилҳо, асбобҳои маишӣ ва лавозимоти гигиенаи шахсӣ, меҳмонхонаҳо ва тарабхонаҳо рост меояд.
Дар сохтори ММД ҳиссаи саноат бо шумули энергетика - 16%, нақлиёт, алоқа ва хоҷагии анбор - 13,4% ва андозҳо - 13,1%-ро ташкил дода, ҳиссаи сохтмон аз 12,6%-и соли гузашта то 11,5% поин рафтааст.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон афзоиши ҳаҷми ММД аз рӯйи натиҷаҳои соли 2016-ро дар сатҳи то 7% пешбинӣ кардааст.
Ёдрас мекунем, ки соли 2015 ҳаҷми ММД Тоҷикистон 48,4 млрд. сомониро ташкил дода, аз рӯи таносуби нарх нисбат ба соли 2014 ба миқдори 6% афзуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста